Дар бораи Қуръон

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 30 Июля 2011 в 11:52, контрольная работа

Краткое описание

Қуръон китоби осмонии мо ва мўъҷизаи ҷовиди паёмбари мост. Ин китоб дар тўли бисту се сол ба тадриҷ бар расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил гашт. Қуръони карим, ки ҳам китоби паёмбари акрам аст ва ҳам мўъҷизаи ў, нақше садҳо бор бузургтар аз нақши асои Мўсо ва дами Исо дошт. Пайғамбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) оятҳои Қуръонро бар мардум мехонд ва ҷозибаи ин оятҳо афродро ба сўи ислом мекашид. Таърихҳои марбут ба ин мавзўъ дар таърихи ислом аз ҳадди шумориш хориҷ аст.

Содержимое работы - 1 файл

Дар бораи Қуръон.docx

— 28.97 Кб (Скачать файл)
y">Алӣ аз ҳудуди даҳсолагӣ бо Қуръон ошност, яъне синни Алӣ дар ин ҳудуд буд, ки аввалин оятҳои Қуръон бар паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил шуд ва Алӣ монанди ташнае, ки ба оби зулол бирасад, онҳоро фаро мегирифт ва то охири умри пайғамбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар раъси котибони ваҳй қарор дошт. Алӣ ҳофизи Қуръон буд ва ҳамеша Қуръонро тиловат мекард, шабҳо, ки ба ибодат меистод, бо оятҳи Қуръон хуш буд. Бо ин вазъ, агар сабки Қуръон қобили тақлид мебуд, Алӣ бо он истеъдоди беназире, ки дар суханварӣ ва фасоҳат ва балоғат дошт ва баъд аз Қуръон назире барои суханаш наметавон ёфт, мебоист таҳти таъсири сабки Қуръон, аз сабки он пайравӣ кунад ва худ ба худ хитобаҳояш ба шакли оятҳои Қуръон бошад, аммо мебинем сабки Қуръон бо сабки Алӣ комилан мутафовит аст.

Он гоҳ ки Алӣ дар зимни хитобаҳои фасеҳ ва балиғаш ояте аз Қуръонро меоварад, комилан мутамоиз аст ва ситораеро монад, ки дар муқобили ситорагони дигар дурахшиши фавқулода дорад.

Қуръон  мавзўъҳоеро, ки маъмулан заминаи ҳунарнамоии  башар дар сухансароист ва афроди башар агар бихоҳанд ҳунари суханварии хешро бинамоёнанд, он заминаҳоро интихоб  мекунанд ва сухани хешро бо пеш  кашидани онҳо зебо месозанд (аз фахр, ситоиш, ҳаҷв, марсия, ғазал ва тавсифи зебоиҳои табиат), матраҳ накарда ва дар бораи онҳо доди сухан надодааст. Мавзўъҳое, ки Қуръон тарҳ карда, ҳама маънавист, тавҳид аст, маъод аст, нубувват аст, ахлоқ аст, аҳком аст, андарзҳост, қиссаҳост ва дар айни ҳол дар ҳадди аълои зебоист.

Ҳандасаи  калимот дар Қуръон беназир аст; на касе тавониста як калимаи Қуръонро пасу пеш кунад бидуни он ки ба зебоиҳои он латма ворид созад ва на касе тавонистааст монанди он бисозад. Қуръон аз ин ҷиҳат монанди як сохтмони зебост, ки на касе битавонад бо ҷо ба ҷо кардан ва тағйир додан, онро зебо кунад ва на битавонад беҳтар аз он ва ё монанди онро бисозад. Сабк ва услуби Қуръон чунин аст, ки на қаблан касе бо ин сабк сухан гуфтааст ва на баъдан касе, бо ҳамаи даъватҳо ва муборизаталабиҳои Қуръон,тавонистааст бо он рақобат кунад ва ё аз он тақлид намояд.

Муборизаталабии Қуръон ҳанўз ҳам ҳамчунон монанди кўҳ побарҷост ва барои ҳамеша боқӣ хоҳад буд. Имрўз ҳам ҳамаи мусулмонони боимон мардуми ҷаҳонро даъват мекунанд, ки дар ин мусобиқа ширкат кунанд ва агар мислу монанде барои Қуръон пайдо шуд, онҳоро аз даъво ва имони худ сарфи назар мекунанд ва итминон доранд, ки чунин чизе муяссар нест. 

Маъноҳои  Қуръон

Мўъҷиза будани Қуръон аз назари маъно ниёзманд ба баҳси васеътарест ва ақаллан ниёзманд ба як китоб аст, вале метавон ба таври мухтасар заминае ба даст дод. Аввалан бояд бидонем Қуръон чӣ навъ китобест? Оё китоби фалсафист? Оё китоби илмист? Оё китоби адабист? Оё китоби таърихист? Ва ё фақат як асари ҳунарист?

Посух ин аст ки Қуръон ҳеҷ кадом аз инҳо нест. Ҳамчунон ки паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), балки тамоми паёмбарон гурўҳи ҷудое ҳастанд, на файласуфанд, на олим, на адиб, на муаррих, на ҳунарманд ва ё санъатгар ва дар айни ҳол хусусиятҳои ҳамаи онҳоро (бо чизҳои изофа) доранд, Қуръон низ, ки китоби осмонист, на фалсафа аст, на илм, на таърих, на адабиёт ва на асари ҳунарӣ, дар айни ҳол хусусиятҳои ҳамаи онҳоро дорад, ба иловаи як силсила хусусиятҳои дигар.

Қуръони карим роҳнамои башар аст ва дар  воқеъ китоби “инсон” аст; инсон  аз он нуқта назар, ки Худои инсон  ўро офарида ва паёмбарон омадаанд ўро ба худаш бишносонанд ва роҳи саодаташро ба ў бозгў кунанд. Ва чун китоби инсон аст, пас китоби “Худо” ҳам ҳаст, зеро инсон ҳамон мавҷудест, ки хилқаташ аз мо қабли ин ҷаҳон оғоз мешавад ва ба мо баъди ин ҷаҳон поён меёбад, яъне инсон аз назари Қуръон нафхаи руҳи илоҳист ва хоҳ нохоҳ ба сўи Худои худаш бозгашт мекунад. Ин аст ки шиносоии Худо ва шиносоии инсон аз якдигар ҷудо нест. Инсон то худро нашносад, Худои худро ба дурустӣ наметавонад бишносад. Аз тарафи дигар, танҳо ҳамроҳ бо шинохтани Худост, ки инсон ба воқеияти ҳақиқии худ пай мебарад.

Инсон дар мактаби паёмбарон, ки Қуръон комилтарин баёни он аст, бо инсоне, ки башар аз роҳи улум мешиносад, басе мутафовит аст, яъне ин инсон басе густардатар аст. Инсоне, ки башар аз роҳи улум мешиносад, дар миёни ду қавс (таваллуд – марг) қарор дорад ва қаблу баъди ин қавсҳоро торикӣ гирифтааст ва аз назари улум башаре маҷҳул аст. Вале инсони Қуръон ин қавсҳоро надорад, аз ҷаҳони дигар омадааст ва дар мадрасаи дунё бояд худро такмил кунад ва ояндааш дар ҷаҳони дигар бастагӣ дорад ба навъи фаъолият ва талош ва ё танбалӣ ва сустие, ки дар мадрасаи ин ҷаҳон анҷом медиҳад. Инро ҳам фаромўш накунем, ки инсони миёни таваллуду марг, он чунон ки башар мешиносад, басе сатҳитар аст аз он чи паёмбарон мешиносонанд.

Инсони  Қуръон бояд бидонад:

Аз  куҷо омадааст?

Ба куҷо меравад?

Дар куҷо ҳаст?

Чигуна бояд бошад?

Чӣ бояд бикунад?

Инсони Қуръон он гоҳ ки ба ин панҷ суол амалан дуруст посух гуфт, саодати воқеъияш ҳам дар ин ҷаҳон ваҳам дар ҷаҳоне, ки бояд биравад, таъмин мегардад.

Ин  инсон барои ин ки бидонад аз куҷо омада ва аз чӣ сарчашмае оғоз шудааст, бояд Худои худро бишносад ва барои ин ки Худои худро бишносад, бояд дар ҷаҳон ва низ дар вуҷуди инсон ба унвони оятҳои далолаткунанда ба сўи Худо мутолеъа кунад ва дар умқи вуҷуд ва ҳастӣ тааммуқ намояд. 

Ва барои ин ки бидонад ба куҷо меравад, бояд дар бораи он чи Қуръон онро “бозгашт ба Худо” меномад, яъне маод ва ҳашри амвот, ҳаросҳои қиёмат ва неъматҳои ҷовидон ва азобҳои сахт ва аҳёнан ҷовидони он ва хулоса марҳалаҳо ва манзилаҳое, ки дар пеш дорад тааммул кунад ва аз онҳо огоҳӣ ёбад ва ба онҳо эътиқод пайдо кунад ва имон оварад ва Худоро ҳамчунон ки аввал ва нуқтаи оғози мавҷудот мешиносад, охир ва нуқтаи бозгашти мавҷудот низ бишносад.

Ва  барои ин ки бидонад дар куҷо ҳаст, бояд низомот ва қонунҳои ҳоким бар ҷаҳонро бишносад ва мақом ва мавқеи инсонро дар миёни соири мавҷудот дарк кунад ва худро дар миёни мавҷудот бозёбад.

Ва  барои ин ки бидонад чигуна бояд бошад, бояд хулқу хўҳои инсониро бишносад ва худашро бар асоси он хулқу хўҳо бисозад.

Ва  барои ин ки бидонад чӣ бояд бикунад, бояд як силсила муқаррарот ва аҳкоми фардӣ ва иҷтимоиро гардан ниҳад.

Инсони  Қуръон илова бар ҳамаи инҳо бояд ба як силсила мавҷудоти номаҳсус ва диданошуданӣ ва ба таъбири худи Қуръон “ғайб”, ба унвони мазоҳир ва маҷории иродаи илоҳӣ дар низоми ҳастӣ имон биёварад ва ҳам бояд бидонад, ки Худованди мутаол дар ҳеҷ замоне башарро, ки ба ҳидояти осмонӣ ниёз доштааст, як сў нагузошта ва як теъдод афроди баргузида, ки паёмбарони Худо ва роҳнамоёни башар будаанд, аз тарафи Худованд фирисода шуда ва паёми илоҳиро расондаанд.

Инсони  Қуръон ба табиат ба унвони “оят” ва ба таърих ба унвони як “озмоишгоҳ”-и воқеӣ, ки дурустии таълимоти паёмбаронро мерасонад, назар меафканад.

Оре, инсони Қуръон чунин аст ва масоиле, ки дар Қуръон барои инсон тарҳ шуда, инҳо ба иловаи бархе масоили дигар аст.

Информация о работе Дар бораи Қуръон