Автор работы: Пользователь скрыл имя, 30 Июля 2011 в 11:52, контрольная работа
Қуръон китоби осмонии мо ва мўъҷизаи ҷовиди паёмбари мост. Ин китоб дар тўли бисту се сол ба тадриҷ бар расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил гашт. Қуръони карим, ки ҳам китоби паёмбари акрам аст ва ҳам мўъҷизаи ў, нақше садҳо бор бузургтар аз нақши асои Мўсо ва дами Исо дошт. Пайғамбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) оятҳои Қуръонро бар мардум мехонд ва ҷозибаи ин оятҳо афродро ба сўи ислом мекашид. Таърихҳои марбут ба ин мавзўъ дар таърихи ислом аз ҳадди шумориш хориҷ аст.
Дар бораи Қуръон (1)
Қуръон китоби осмонии мо ва мўъҷизаи ҷовиди паёмбари мост. Ин китоб дар тўли бисту се сол ба тадриҷ бар расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил гашт. Қуръони карим, ки ҳам китоби паёмбари акрам аст ва ҳам мўъҷизаи ў, нақше садҳо бор бузургтар аз нақши асои Мўсо ва дами Исо дошт. Пайғамбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) оятҳои Қуръонро бар мардум мехонд ва ҷозибаи ин оятҳо афродро ба сўи ислом мекашид. Таърихҳои марбут ба ин мавзўъ дар таърихи ислом аз ҳадди шумориш хориҷ аст. Қуръон маҷмўан 114 сура аст ва маҷмўи ин сураҳо ҳудуди 6205 оятро дар бар дорад ва ҳамаи ин оятҳо маҷмўан дар ҳудуди 78000 калима аст. Мусулмонон аз садри ислом то асри ҳозир аҳамияти беназире дар амри Қуръон нишон додаанд, ки нишонаи шефтагии онҳо нисбат ба Қуръон аст. Қуръон дар замони расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба василаи гурўҳе, ки худи ишон муайян карда буданд, ки ба номи “котибони ваҳй” маъруф шуданд навишта мешуд. Ба илова, аксари мусулмонон, чи мардон ва чи занон,ишқи аҷибе ба ҳифзи ҳама ва ё аксари оятҳои Қуръон доштанд. Қуръонро дар намозҳо мехонданд ва дар ғайри намозҳо тиловати онро савоб медонистанд ва ба илова аз тиловати он лаззат мебурданд ва мояи оромиши руҳи онҳо буд.
Аҳамияти беназири мусулмонон ба Қуръон
Мусулмонон дар ҳар асре мутаносиб бо имконоти фикрӣ ва амалии худ, таҳти таъсири шавқу ишқе, ки ба китоби осмонии худ доштанд, дар бораи Қуръон кор кардаанд, аз қабили ёд гирифтан ва ба хотир супурдан, қироат назди устодони қироат ва таҷвид, тафсири маъноҳои Қуръон, тавзеҳу шарҳи луғатҳои Қуръон дар китобҳои луғат, баршумурдани оятҳо ва калимот ва ҳатто ҳуруфе, ки дар маҷмўи Қуръон ба кор рафта, диққат дар маъниҳои он ва истифода аз он дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, илмӣ ва зинат додани гуфтаҳо ва навиштаҳои худ ба оятҳои Қуръон, катибаҳои бисёр олӣ ё гаҷкориҳо ва кошикориҳо, навиштани он бо хатҳои бисёр зебо, омўхтани он ба фарзандони худ қабл аз ҳар омўзиши дигар, тадвини наҳву сарфи забони арабӣ ба хотири Қуръон, ибтикори илми маонӣ, баён ва бадеъ, ҷамъоварии луғатҳои забони арабӣ ва амсоли инҳо.
Ишқ ва алоқаи мусулмонон ба Қуръон маншаъ ва мабдаи як силсила улуми адабӣ ва ақлӣ шуд, ки агар Қуръон намебуд, ин улум ба вуҷуд намеомад.
Мўъҷиза будани Қуръон
Қуръон мўъҷизаи ҷовиди хотами паёмбарон аст. Аз оғози нузули Қуръон дар Макка, ки бо сураҳои кучак шурўъ шуд, расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расман бар он “таҳаддӣ” (ба мубориза талабидан) кард, яъне муддаӣ шуд, ки Қуръон кори ман нест, кори Худост ва аз ман ва ҳеҷ башари дигар сохта нест, ки монанди онро биёварад ва агар бовар надоред, озмоиш кунед ва аз ҳар касе мехоҳед кўмак бигиред, вале бидонед, ки агар ҷинну инс даст ба дасти ҳам диҳанд, ки монанди онро биёваранд, қодир нахоҳанд буд. Мухолифони пайғамбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) на дар он замон ва на дар замонҳои баъд, ки акнун чаҳордаҳ қарн аз он мегузарад, натавонистаанд ба ин муборизаталабӣ посух диҳанд. Охирин сухани мухолифони он аср ин буд, ки “ҷоду” аст.
Худи ин тўҳмат эътирофи зимнӣ ба хориқулода будани Қуръон ва навъе изҳори оҷизӣ дар баробари Қуръон буд.
Мухолифони сарсахти паёмбар аз ҳеҷ муоризае бо паёмбар барои заиф ва мағлуб карданаш кўтоҳӣ накарданд ва танҳо коре, ки ба он даст назаданд (зеро сад дар сад ноумед буданд) ҳамон буд, ки пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мукаррар пешниҳод мекард ва худи Қуръон ҳам тасреҳ кардааст,
яъне овардани ақаллан як сура (ҳарчанд сураи як сатрӣ монанди “Қул ҳуваллоҳу аҳад...” ё сураи “Инно аътайно...”) монанди Қуръон.
“Ва агар нисбат ба он чи ки бар бандаамон фуруд фиристодем, дар шакку шубҳа бошед, пас биёваред сурае ба монанди онро ва бихонед (барои кўмак) гувоҳонатонро (ба ғайри Худо) агар ростгў бошед. Агар натавонистед ва ҳаргиз нахоҳед тавонист, пас битарсед аз оташе, ки ҳезумаш мардум (гуноҳкорон) ва сангҳост, ки омода шудааст барои кофирон.”[1]
Ҷанбаҳои мўъҷиза будани Қуръон
Қуръон аз ҷанбаҳои мухталиф мўъҷиза аст, яъне фавқи башарист. Дар ин ҷо ба таври мухтасар ба баъзеи он ишора мекунем. Аз назари куллӣ, мўъҷиза будани Қуръон аз ду ҷиҳат аст: аз ҷиҳати лафз ва аз ҷиҳати маъно.
Мўъҷиза будани лафзҳои Қуръон марбут мешавад ба мақулаи зебоӣ ва мўъҷиза будани маъноҳои он ба мақулаи илмӣ. Пас мўъҷиза будани Қуръон яке аз ҷанбаи зебоӣ ва ҳунарист ва дигар аз ҷанбаи фикрӣ ва илмӣ. Ҳар як аз ин ду ҷанба, хусусан ҷанбаи илмӣ, ба навбати худ дорои чанд ҷиҳат аст.
Лафзҳои Қуръон
Сабки Қуръон на шеър аст ва на наср. Аммо шеър нест, барои ин ки вазну қофия надорад. Ба илова шеър маъмулан бо навъе тахайюл, ки тахайюли шоирона номида мешавад ҳамроҳ аст. Шеър будани шеър ба муболиға ва иғроқ аст, ки худ навъе дурўғ аст. Дар Қуръон тахайюлоти шеърӣ ва ташбеҳҳои хаёлӣ вуҷуд надорад. Дар айни ҳол, насри маъмулӣ ҳам нест, зеро аз навъе ҳамоҳангӣ ва оҳанг ва мусиқӣ бархўрдор аст, ки дар ҳеҷ сухани насрӣ то кунун дида нашудааст. Мусулмонон ҳамвора Қуръонро бо оҳангҳои махсус тиловат карда ва мекунанд, ки махсуси Қуръон аст.
Дар дастурҳои динӣ расидааст, ки Қуръонро бо оҳанги хуш бихонед. Бузургони дин гоҳе Қуръонро дар хонаҳои худ бо оҳанге чунон дилрабо мехонданд, ки мардуми кўчаро мутаваққиф мекард. Ҳеҷ сухани насрӣ монанди Қуръон оҳангпазир нест, он ҳам оҳангҳои махсусе, ки мутаносиб бо олами руҳоният аст, на оҳанги мутаносиб бо маҷлисҳои лаҳв. Пас аз ихтирои радио ҳеҷ сухани руҳониятбахш натавонист бо Қуръон аз назари зебоӣ баробарӣ кунад. Илова бар кишварҳои исломӣ, кишварҳои ғайри исломӣ низ аз назари зебоӣ ва оҳанг, Қуръонро дар барномаҳои радиоии хеш гунҷонидаанд. Аҷиб ин аст ки зебоии Қуръон замон ва маконро пушти сар гузоштааст. Бисёре аз суханони зебо махсуси завқ ва зоиқаи як миллат аст, ки аз фарҳанги махсусе бархўрдор мебошанд, вале зебоии Қуръон на замон мешиносад ва на нажод ва на фарҳанги махсус.
Ҳамаи мардуме, ки бо забони Қуръон ошно шуданд, онро бо зоиқаи худ муносиб ёфтанд. ҳар чӣ замон мегузарад ва ба ҳар андоза миллатҳои мухталиф бо Қуръон ошно мешаванд, беш аз пеш ҷазби зебоии Қуръон мешаванд.
Яҳудиён ва масеҳиёни мутаассиб ва пайравони бархе динҳои дигар дар тўли чаҳордаҳ қарни исломӣ анвоъи муборизаҳо барои заиф кардани мақоми Қуръон кардаанд. Гоҳе нисбати таҳриф додаанд ва гоҳе дар бархе қиссаҳои Қуръон хостаанд шак андозанд ва гоҳе ба шакли дигаре бар зидди Қуръон фаъолият кардаанд, вале ҳеҷгоҳ ба худ надидаанд, ки аз суханварони варзидаи худ кўмак бигиранд ва ба фарёди муборизаталабии Қуръон посух гўянд ва ақаллан як сураи кучак монанди Қуръон биёваранд ва ба ҷаҳониён арза доранд.
Ҳамчунин дар таърихи ислом афроди зиёде падид омадаанд, ки (ба истилоҳ) “Зиндиқҳо” ё “Мулҳидон” хонда шудаанд ва бархе аз онҳо барҷастагии фавқулода доштаанд. Ин гурўҳ ба шаклҳои мухталиф бар зидди
“дин”, хусусан Қуръон суханоне гуфтаанд ва бархе аз онҳо аз суханварони машҳури забони арабӣ ба шумор мераванд ва аҳёнан ба кашокашӣ бо Қуръон бархостаанд, вале танҳо коре, ки кардаанд, он буда, ки кучакии худ ва бузургии Қуръонро рўшантар кардаанд. Таърих аз Ибни Ровандӣ, Абулалои Муарро, ё Абуттаййиби Мутанаббӣ шоири номдори араб, достонҳо дар ин замина овардааст. Инҳо касоне будаанд, ки хостаанд Қуръонро “кори башарӣ” ҷилва диҳанд.
Афроди зиёде ба иддаои пайғамбарӣ бархостанд ва суханоне оварданд ба хаёли худ монанди Қуръон ва иддао карданд, ки ин суханон низ монанди Қуръон аз ҷониби Худост. Тулайҳа, Мусайлама ва Саҷҷоҷ аз ин гурўҳ ҳастанд. Ин гурўҳ низ ба навъе дигар кучакии худ ва бузургии Қуръонро рўшан намуданд.
Аҷиб ин аст ки каломи худи пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки Қуръон бар забони ў ҷорӣ шудааст, бо Қуръон мутафовит аст. Аз расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) суханони зиёде ба сурати хутба, дуо, калимоти кўтоҳ ва ҳадис боқӣ мондааст ва дар авҷи фасоҳат аст, аммо ба ҳеҷ сурат рангу бўи Қуръон надорад. Ин худ мерасонад, ки Қуръон ва суханони фикрии паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ду манбаъи ҷудогона аст.