Муқаддима. Асосҳои «Иқтисодиёти сохтмон»

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 25 Ноября 2012 в 20:30, курс лекций

Краткое описание

Сохтмон - кисм мустакили алохидаи иктисодиёти мамлакат буда барои сохтани бинохои нав, таҷдид (реконструксия), васекуни, таъмир ва тачхизонидани бинохои вучуддоштаи истехсоли ва гайриистехсолиро дар бар мегирад. Хусусиятхои асосии фарккунандаи сохтмон:
1. Гайристатсионари, характери доими надоштан ва намудхои хархела доштани истехсолоти сохтмон.
2. Алокамандии технологии хамаи амалиётхои протсесси сохтмон.
3. Аз чихати мураккаби хархела будани корхои сохтмониву васлкуни.
4. Иштироки ташкилотхои гуногун дар истехсолоти сохтмони.( дар соноат бошад махсулоти тайёрро як корхона истехсол намуда онро худаш мефурущад).

Содержимое работы - 1 файл

лексия 1.doc

— 95.50 Кб (Скачать файл)

Тарзҳои маъмултарини муносибат ба мафҳум ва мундариҷаи менеҷмент дар адабиёти махсуси  идоракунӣ дар расми 1 оварда шудааст.

Менеҷмент инчунин ҳамчун раванди якҷоякуние маънидод карда мешавад, ки бо ёрии он мутахассисони махсус тайёркарда шуда ташкилотро ташкил дода онро бо роҳи ба пешгузории мақсадҳо  ва пайдонамоии тарзҳои бадастории онҳо идора мекунанд.

Қобилияти гузоштан ва ба амал баровардани мақсадҳо-ро асосгузори мактаби илмии идоракунӣ Тейлор ҳамчун санъати донистани чӣ бояд кард  ва онро  чӣ тарз бо роҳи аз ҳама хуб арзон ба ҷо овардан, маънидод мекунад. Ба ин санъат  категорияи муайянии одамон соҳиб буданашон зарур аст, ки онҳо менеҷерон буда, кори онҳо аз ташкил намудан ва идоракунӣ аз болои кӯшишҳои кормандон баҳри ноилшавии мақсад, иборат мебошад. Барои ҳамин ҳам бисёри вақт менеҷмент ва менеҷер, инчунин аъзо ва аппарати идоракунӣ ҳаммонанд мешавад.

 

 

                      

 

Расми 1. Муносибатҳо ба муайянкунии мафҳуми менеҷмент

 

Менеҷерон- аъзоёни махсуси ташкилотҳои муосири тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошанд. Бе менеҷер ташкилот ҳамчун чизи яклухт ташкил ёфта самаранок фаъолият бурда наметавонад. Барои ҳамин ҳам аппарати  идоракунӣ қисми таркибии ҳамаи ташкилотҳо ба ҳисоб рафта  бо мафҳуми менеҷментии он якҷоя карда мешавад.

Ҳангоми таърифдиҳии  менеҷмент ҳамчун илм, бояд муҳимии донишҳои идоракуниро таъкид кард. Онҳо на танҳо имконияти саривақт ва босифатона иҷро намудани корҳои ҷорӣ, балки ҳодисаҳои ояндаро пешгӯинамуда мутобиқи он муайян намоии стратегияю сиёсати корхонаро фароҳам меоваранд. Онҳо ҳамчун такягоҳи муайяннамоии вазифа ва баамалбарории таҷрибаи идоравӣ хизмат мекунанд . Барои ҳамин ҳам илми идоракунӣ назарияи худро коркард карда мебарояд, ки мундариҷаи он аз қонуну қонуниятҳо, принсипҳо, функсияҳо, шакл ва методҳои мақсадноки фаъолияти одамон дар раванди идоракунӣ мебошад.

Даркунии менеҷмент ҳамчун санъати идоракунӣ ба он асос меёбад, ки ташкилот-ин системаи мураккаби ҷамъиятӣ-техникӣ буда  ба фаъолияти он омилҳои гуногуни берунӣ ва дохилӣ таъсир мерасонад.

 

 

3.Вазифа  ва мақсадҳои менеҷмент.

Вазифаҳои менеҷмент  ҳамчун илм –  ин  коркард намудан, гузаронидани тафтишҳои эксперименталӣ ва дар амал истифодабарии муносибатҳои илмӣ, присип ва методҳое, ки кори боэътимоду самаранок, устувор ва дурнамои хуб доштаи гурӯҳро бо роҳи истеҳсоли моли рақобатпазир таъмин менамояд.

Мақсади ниҳоии менеҷмент ҳамчун амалияи идоракунии самаранок ин таъминкунии фоиданокии фирма бо роҳи ташкилкунии оқилонаи истеҳсолот ва рушди  базаи технкӣ-технологӣ  мебошад.

Вазифаи муҳимтарини  менеҷмент ин ташкили истеҳсоли  мол ва хизматрасонӣ бо назардошти талаботи истеъмолгарон дар асоси  захираи мавҷуда  мебошад. Илова  бар ин ба вазифаҳаи менеҷмент  дохил мешаванд: 

    • гузариш ба коргароне, ки дараҷаи баланди ихтисос доранд;

ҳавасмандкунии  коркунон бо роҳи муҳайё намудани шароити  хуб ва системаи пардохтии он;

    • муайянкунии захираҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои таъминнамоии он;
    • коркарди стратегияи ташкилот ва баамалбарории он;
    • муайян намоии мақсадҳои муайяни ташкилот;
    • ҷустуҷӯи доимӣ ва омӯзиши бозорҳои нав;
    • тартиб додани системаи чорабиниҳо баҳри ноилшавии мақсад;
    • бурдани назорат аз болои самаранокии фаъолияти ташкилот  ва мақсадҳои пешгузоштаи он.

 

 

 


Информация о работе Муқаддима. Асосҳои «Иқтисодиёти сохтмон»